Ронандаю кондуктор ҳабс шуданд (видео)

Навори дағалрафтории ронанда ва пулчинак ва муноқишаи онҳо бо дигар ронандаи мусофиркашон (таксӣ), ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, мавриди вокуниши васеи шаҳрвандон қарор гирифт.

Шаҳрвандон аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуданд, ки нисбати нафарони гумонбар чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер» рақами қайди давлатиаш 5185 ТТ 05 шаҳрванд Наимов Акмал Акобирович санаи таваллудаш 01.07.1994 сокини деҳаи Танобчии болои ноҳияи Темурмалик бо ҳамроҳии пулчинак (кондуктор)-и худ шаҳрванд Тағоев Нурсултон Абдуғаффорович санаи таваллудаш 1-уми январи 1998 сокини деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор, донишҷӯи бахши сеюми Факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.

  Дар натиҷаи пурсиши дастгиршудагону шоҳидон ва санҷиши навори мазкур муайян карда шуд, ки санаи 25-уми марти соли ҷорӣ тақрибан соати 15:40 дақиқа ҳангоми ба хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул шуданд, дар кӯчаи Фирдавсӣ назди боғи ба номи А. Фирдавсӣ номбурдагон ба қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ даст зада, ҳангоми фаровардани мусофирон шитобкорона воситаи нақлиётро ба ҳаракат даровардаанд, ки ин амали онҳо боиси ба миён омадани ҳолати садамавӣ ва эроди атрофиён гардидааст. Ҳамзамон нисбати як нафар ҷавон, ки ба ин амали онҳо вокуниш нишон додааст, дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, пулчинак Тағоев Нурсултон ӯро латукуб кардааст, ки ҳолати хунравӣ дар навори ба мақомоти милитсия дастрасшуда баръало аён аст.


Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ҳарду: ронанда ва кондуктор тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба Суд ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати ронанда Наимов Акмал ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз ва нисбати пулчинак Тағоев Нурсултон ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *