Садои тир дар Хоруғ, ВКД шарҳ медиҳад

Сокини Хоруғ Сино Зикилобеков, дар дидбонгоҳи БДА воқеъ дар деҳаи Бидурди Шуғнон ба талаботи кормандони милитсия итоат накарда, бо мошинаш ба сатми шаҳри Хоруғ фирор кард

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муноқишаи шаби гузашта дар шаҳри Хоруғро шарҳ доданд.

Дафтари матбуоти Вазорат хабар дод, ки ҳодиса соатҳои тақрибан 21-и 4-уми ноябр дар маҳаллаи Хоруғи боло рух додааст. Ба қавли манбаъ, сокини ин шаҳр Сино Зикилобеков, дар дидбонгоҳи БДА воқеъ дар деҳаи Бидурди Шуғнон «ба талаботи кормандони милитсия итоат накарда», бо мошинаш ба сатми шаҳри Хоруғ фирор кардааст.Ҳангоми пайгирии ин худрав, гурӯҳи 15-нафараи ҷавонони маҳаллаи Хоруғи боло ба кори кормандони пулис монеъ шуда, муқобила нишон доданд.»Бо мақсади пароканда намудани издиҳоми ҷавонон аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба  ҳаво тир парронда шудааст»,- омадааст дар хабари ВКД.Аммо сокинон иттиҳоми халалрасонӣ ба кори милисаҳоро  рад карданд. Нофаҳмӣ миёни сокинон дар Бадахшон ва кормандони ниҳодҳои қудратӣ ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо ба вуқӯъ пайваста ва боиси эътирози сокинон шуда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *