Шаҳринавӣ бедарак шуд, мақомот меҷӯянд

Як сокини Шаҳринав як ҳафта инҷониб ҳамроҳи 3 нафар рафиқонаш  ба кӯҳ рафта, бедарак шудааст.

Номбурда Абдухолиқ Абдураҳмонов, соли таваллудаш 1960, сокини маҳаллаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав мебошад. Ӯ 28 май  ҳамроҳи 3 нафар ҳамдеҳааш ба кӯҳ  рафта, баъдан бедарак шудааст.

Ҳамроҳонаш гуфтаанд, ки шаби 28 май Абдухолиқ бо онҳо буд, вале вақте субҳ аз хоб хестанд, аллакай ӯ набуд. Наздиконаш мегӯянд, ки онҳо барои бурдани тафтишот ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардаанд.

Абдухолиқ Абдураҳмонов ба ҳайси раиси маҳаллаи Чорбоғ фаъолият дошт. Вале баъди як муддати кор аз ин вазифа рафту дар хона буд. Дар давраи паҳншавии пандемия баъди хонашинии зиёд ӯ ҳамроҳи рафиқонаш барои сайр ба кӯҳ рафт, аммо бедарак шуд. Ӯ бо муҳити кӯҳ шинос буд ва наздиконаш ҳайронанд, ки ӯ ба куҷо рафтааст.
Хешовандони Абдухолиқ аз хонандагон хоҳиш доранд, ки агар ӯро дар куҷое диданд ё дар борааш маълумоте пайдо карданд, ба  рақамҳои зерин занг зананд: 908-22-83-83, 904-40-72-62

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *