Шоҳҷоизаи “Фурӯғи субҳи донои” -ро Раъно Насриддинова гирифт

Раъно Насриддинова хонандаи синфи 11-уми мактаби №28 аз деҳаи Сори Панҷакент дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” барандаи «Шоҳҷоиза» гардид. Номи барандагони бахшҳои дигари ин озмун шоми имрӯз, соати 17.00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ эълон хоҳанд шуд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар умури иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар суҳбат ба «Азия-Плюс» баранда шудани Раъно Насриддиноваро рад ё таъйид накард, танҳо гуфт, ки «ин бегоҳ ҳамаи ғолибҳо дар Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ эълон мешаванд».
Ба гуфтаи манбаъи мо, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбат ва посухдеҳии Раъно Насриддиноваро дар телевизион дидааст ва ба дониши ӯ таваҷҷуҳ кардааст. Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки пас аз хатм ин хонандаи шаҳри Панҷакентро ба Душанбе биоваранд ва ба ҳар донишгоҳе, ки мехоҳад, ворид шавад ва таҳсилашро таҳти сарпарастии президент идома бидиҳад.
Ҳамчунин манбаъ гуфт, Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳатто пас аз хатм Раъно Насриддиноваро ба кор таъмин кунанд.
Пештар аз ин суханронии Раъно Насриддинова дар як барномаи телевизионӣ аз сӯйи хонандагони расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ истиқболи гарм шуд. Дар ин бора ”Азия плюс” хабар додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *