Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сокини Восеъ барои куштори ҳамдеҳааш дастгир шуд

Кормандони милитсия як сокини ноҳияи Восеъро барои куштани марди 29-солаи ҳамдеҳааш дастгир намуданд.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи Восеъ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

“Номбурда, 10-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 18:00, дар ҷамоати деҳоти Х.Раҷабови ноҳияи мазкур аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 29-солаи сокини ҳамин ҷамоат ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро мавриди лату кӯб қарор додааст”, -иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҷабрдида  дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.