Тағйироти кадрӣ: Раиси суд рафт, муовинон иваз шуданд

Президент ба ислоҳи камбудҳо дар системаи идораи бонкӣ, пешгирӣ аз қонуншиканиҳо дар бахши замин, роҳ надодан ба қочоқи молу маҳсулот, мубориза бар зидди фасод даъват кард.

Маъруфҷон Бурҳониён аз мансаби раиси судии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барканор карда шуд. Дар ин бора рӯзи 18-уми январ фармони Президенти Тоҷикистон содир гардид. Сабаби барканории ӯро нагуфтаанд.
Бар асоси фармонҳои дигар, Мирҳаёт Ёқубзода ва Фирдавс Толибзода муовинони раиси Бонки Миллии Тоҷикистон таъин шудаанд. Фарҳод Восидиён муовини вазири рушди иқтисод ва савдо шуд.
Инчунин раҳбарони идораи мубориза бо коррупсияро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон иваз кардаанд. Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон навишт, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо онҳое, ки мансабҳои нав гирифтанд, ба ислоҳи «камбудҳо дар системаи идораи бонкӣ, пешгирӣ аз қонуншиканиҳо дар бахши замин, роҳ надодан ба қочоқи молу маҳсулот, мубориза бар зидди фасод” даъват кард.
Ҳамчунин Шарифзода Абдувалӣ Қурбоналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи мудири муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» озод карда шуд.Бо амри дигари Президент, Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло мудири ин муассиса таъйин шуд.Бо як қарори Роҳбари давлат Восидиён Фарҳод Саъдулло муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *