Тафсилоти сӯиқасд ба ҷон. Чаро донишҷӯи тоҷик деканро корд зад?

Кормандони милитсия  Давлятов Айниддин Нуриддинович, донишҷӯи бахши дуюми Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ҷурми суиқасд ба одамкушӣ дастгир карданд.
  Номбурда  28-уми январи соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, декани факултети менеҷменти байналмилалии донишгоҳи номбурда Имомназаров Музафар Аҳмадҷонович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Душанберо дар назди утоқи кориаш воқеъ дар донишгоҳи мазкур бо корд 1 маротиба ба шикамаш задааст.

“Дар натиҷа, омӯзгор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст”,- иттилоъ медиҳад маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе.
Тибқи иттилои манбаъ, санҷиш ва тафтиши раванди таҳсилоти гумонбаршаванда Давлятов Айниддин дар донишгоҳи мазкур муайян намуд, номбурда ба таври доимӣ ба дарсҳо ҳозир нагардида, дар баробари ин нисбати устодон беэҳтиромӣ зоҳир намуда, аз имтиҳонҳо низ қарздор будааст.

“Декани факултети мазкур ба хотири фаҳмидани мушкилоти донишҷӯ падари гумонбаршуда шаҳрванд Давлятов Нуриддинро ба донишгоҳ даъват намуда, аз раванди таҳсилот, одобу ахлоқ ва мушкилоти фарзандаш ӯро огоҳ намудааст.

Дастгиршуда Давлятов Айниддин аз он ки падараш аз нахондану қарздории ӯ аз имтиҳонҳо тавассути декани факултет огоҳ шуда, ӯро сарзаниш кардааст нақшаи аз ҳаёт маҳрум сохтани деканро тарҳрезӣ намудааст. Бо ин мақсад, санаи 28-уми январи соли ҷорӣ бо корд мусаллаҳ гашта, декани факултети худро дар назди утоқи кориаш бо корд захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад”,-меафзояд манбаъ.

  Айни замон нисбати Айниддин Давлятов тибқи талаботи моддаи 32-қисми 3 – 104 қисми 1 (суиқасд ба одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Мувофиқи ин модда ба ӯ ҳабс ба муҳлати аз 8 то 15 сол таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *