Вазири кишоварзӣ иқрор шуд

Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ зимни нишасти матбуотӣ  гуфт, ки тамоми мардуми Тоҷикистон захираи дусола ва бархе аз он бештар доранд.  

Ба гуфти вазир, дар давраи ҳамагирии коронавирус, ки ҳамаи давлатҳо марзҳои худро бастанд, бозори Тоҷикистон бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин буду ҳаст. Зиёзода мегӯяд, ба вазниниҳои соли 2020 нигоҳ накарда, кишоварзони кишавр меҳнати пурсамар доштанд ва фаровонии бозорҳо имрӯз аз он шаҳодат медиҳад.

«Ғайр аз апелсину мандарину банан, ки аз хориҷ ворид карда мешавад, дигар ҳамааш аз ангур сар карда то себу нок — истеҳсоли худи Тоҷикистон аст», — гуфт вазир.

Ӯ афзуд, ки аз бозорҳо ва мағозаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боздид карда, фаровонии маҳсулотро мушоҳида кардааст.

«Картошка, сабзӣ, пиёз — ҳамааш тал задагӣ ҳаст. Ман фикр мекунам, ки имрӯз тамоми мардуми кишавр аз ҷумла 70 дарсади тоҷикистониҳо, ки дар деҳотҷойҳо ба сар мебаранд, захираи кофӣ, баъзе оилаҳо ҳатто аз ду сол бештар захира доранд», — гуфт вазир.

Инчунин, вазири кишоварзӣ зимни нишаст иқрор шуд, ки дар омори пешниҳоднамудаи ҳосилот ва кишти картошка ҳамеша изофанависӣ ҷой дорад.  Вазир таъкид кард, ки аз ин мушкилӣ роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ хабардор аст ва дар маҷлисҳои васеи Ҳукумат низ ба ин камбудӣ таваҷҷӯҳ мекард.

Зиёзода тавзеҳ дод, ки изофанависиро ба мисли хиёнат намудан ба шаҳрвандони ин кишвар бояд қабул кард.

«Бо роҳи изофанависӣ мо пешрафт нахоҳем кард», — афзуд вазири кишоварзӣ.

Зиёзода Сулаймон шарҳ дод, ки соли ҷорӣ барои пешгирӣ кардан аз изофанависӣ як тасмими хуб гирифта шудааст. Ҳоло, ки дар вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ кишти барвақтии картошка оғоз мешавад, бо супориши вазири кишоварзӣ ҳар як контуре, ки кишт мешавад, аз ҷониби намояндагони вазорати кишоварзӣ ва масъулони Кумитаи заминсозӣ онро даррав чен мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *