Заминҷунбии 7 — бала дар Измир, одамон ҳалок шуданд (видео)

Ҳудуди 20 хона фурӯ рафта, 70 сокинро аз зери овори биноҳо зинда берун кашидаанд.

30 октябр, дар баҳри Эгей дар минтақаи ҷазираи Додеканес, дар наздикии соҳили Туркия заминҷунбиии  шиддаташ 7 бал рӯй дод.

Бино ба иттилои Маркази зилзиланигории Аврупо ва Баҳри Миёназамин, маркази заминларза дар умқи 10 км дар 58-километрии ҷанубу ғарби Қарабоғлари Туркия ва 18-километрии шимолу шарқи шаҳраки Неор Карловасии ҷазираи Самоси Юнон ҷойгир шуда буд.

Бар асари заминларза, бино ба иттилои шаҳрдори Измир, сеюмин шаҳри бузурги Туркия, дар ин шаҳр ҳудуди 20 хона фурӯ рафта, 70 сокинро аз зери овори биноҳо зинда берун кашидаанд. Вазири тандурустии Туркия Фахриддин Хоҷа хабар дод, ки дар натиҷаи офати табиӣ дастикам 4 нафар ба ҳалокат расида, 120 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти Туркия нигаронанд, ки шумори қурбониҳо метавонад боз ҳам биафзояд.

Шиддати заминларзаро дар Истанбул ва дар чанд минтақаи Юнон низ эҳсос кардаанд. Офати табиӣ боиси як тсунамии хурд дар баҳр шуда, бархе кӯчаҳо дар шаҳри Сафариҳисори Туркия зери об монданд. Дар ҷазираи Самос як қисми калисои Карловаси вайрон шуда, чанд бинои дигар низ осеб дидааст ва чор нафар ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *