Имтиёз ба фурудгоҳи Хуҷанд

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид гардид.

Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад, ки дар қонунгузории буҷети давлатӣ вобаста ба воридоти техникаву таҷҳизоти замонавӣ, ки барои навсозии аэровакзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд истифода мешаванд, имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон, тибқи талаботи қисми 5 моддаи 32-и Кодекси андоз пешниҳоди имтиёзҳои иловагии андозӣ дар доираи қонунгузории буҷети давлатӣ ба андозаи то 50 фоиз меъёри андози пардохтшаванда муқаррар мешавад.

Ҳоло дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозии меҳмонхонаи панҷошёнаи «Кайҳон» барои 178 нафар, чойхонаи замонавӣ барои 240 мизоҷ ва тарабхона барои 240 мизоҷ, коргоҳи дӯзандагӣ ва коргоҳи бофандагӣ бо даҳҳо ҷойи нави корӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *