Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Суғду  Фарғона

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти соҳибкорони вилояти Суғд ва вилояти Фарғона доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд,  15 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.

Дар мулоқот муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва ноиби ҳокими вилояти Фарғона Алибек Турсунов иштирок намудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар  форуми тиҷоратӣ миёни ширкатҳои ду ҷониб 15 санади ҳамкорӣ, инчунин, чанд санади ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, чорводорӣ, саноати сабук, коркарди чарм ва ғайра ба имзо расиданд.

Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов иброз доштааст, ки гурӯҳи соҳибкорон бо ташаббуси роҳбарони вилоятҳо тайи се рӯз дар вилояти Суғд бо соҳибкорони тоҷик мулоқот менамоянд.

Ҳамчунин, дар форум соҳибкорони кишвари ҳамсоя ба ярмаркае, ки 17-18 июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, даъват шуданд. Дар назар аст, ки дар доираи ин форум миёни ду вилоят чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *