“Инқилобчии” Тоҷикистон боз 1.5 соли дигар гирифт

Владимир Квачков, собиқ полковники раёсати ҷосусӣ-ГРУ-и Русия, ки бо изҳороташ дар бораи ҷанги дохилии Тоҷикистон низ маъруф аст, 18-уми август боз ба 1,5 соли дигари зиндон маҳкум шуд. 

Тибқи иттилои расонаҳои Русия додгоҳи низомии Самара Квачковро дар барангехтани кинаю адоват гунаҳкор донист ва бо назардошти ҳукми қаблӣ ӯ 2 солро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Парвандаи навбатӣ алайҳи Квачков марти соли 2016, баъди нашри видео дар бораи солгарди сӯиқасд ба ҷони Анатолий Чубайс оғоз гардид: “Ӯ соли 2005 дар ташкили сӯиқасд ба ҷони Анатолий Чубайс, раҳбари корхонаи «ЕЭС России» муттаҳам шуд. Аммо ду бор-2008 ва 2010 ӯ сафед карда шуд”.

Собиқ полковники ГРУ инчунин худро аз ташкилдиҳандаҳои Фронти халқӣ арзёбӣ мекунад. Ӯ изҳор доштааст, ки бо дастури намояндагони Русия, Узбакистон ва Қазоқистон дар Тоҷикистон ҳаракати зиддиисломӣ ташкил карда, Сангак Сафаров ба раҳбарии он расонд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *