Иншооти 37 миллионӣ дар 5 сол валангор шуд

Гузаргоҳҳои зеризаминии Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» дар шаҳри Хуҷанд, ки ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2016 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода буд, имрӯз ҳолати ҳузнангезе дорад.

Ин маҷмаа бо 37 миллион сомонӣ бунёд шуда буд. Ин иншоот, ки бо номи “Тоҷ” байни шаҳрвандон маъмул аст, дар соҳили рости дарёи Сир бунёд шуда, ба макони истироҳату фароғати шаҳрвандон табдил ёфтааст. Ҳамзамон, ин макон ба харитаи сайёҳоне, ки ба Хуҷанд меоянд, ворид шудааст.

Девораҳову роҳравҳои ин гузаргоҳ ҳама шикаставу валангоранд, бархе ҷойҳоро кадом масъуле «скотч» часпондаву баъзе қисматҳои харобшударо «фанера» дарбеҳ кардаанд. Аммо дар маҷмӯъ, гузаштан аз ин гузаргоҳи харобу валангор бисёр даҳшатнок аст.

Олимшо Меҳрзода, ш. Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *