Интиқоли 777 грамм кокаин дар меъда. Мард дар ҳавопаймо ҳалок шуд

Марди 59-солае, ки мехост 777 грамм навъи кокаини маводи мухаддирро аз Венесуэла ба Русия интиқол диҳад, дар ҳавопаймо ҷон дод. Дар ин бора Lenta.ru хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки мард аз сабаби роҳи дурудароз дар масири Венесуэла — Русия бемор шуда, вафот мекунад. Стюардессаҳо намефаҳманд, ки мард аз кадом сабаб ҳалок шудааст.

Аз фурудгоҳи Шереметево табибон ҷасадро бурда, маълум кардаанд, ки дар меъдаи ин марди рус 82 баста бо моддаи моеи кокаин мавҷуд будааст. Дар маҷмуъ, беш аз 777 грамм маводи мухаддир кашф шудааст.

Полис таҳқиқот мебарад ва кормандони амниятӣ ҷустуҷӯ мекунанд, ки ӯ шарик дорад ё не.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *