Инженере, ки Норакро сохта буд, аз коронавирус даргузашт

Муҳандиси гидроэлектрикии Русия Юрий Севенард, ки сохтмони ГЭС-и Норакро пеш бурда буд, аз олам чашм пӯшид.
Муҳандиси машҳур 86 сола буд ва сабаби маргаш коронавирус будааст Ба ӯ муяссар гардид, ки дар сохтмони бисёри иншоотҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он ширкат намояд.
Юрий Севенард дар Қазоқистон дар оилаи муҳандиси гидротехник ва духтари балеринаи машҳур таваллуд шудааст.
Яке аз лоиҳаҳое, ки муҳандис дар он кор кардааст, НБО Норак буд. Вай инчунин дар Красноярск, Миср (ГЭС-и Асвон) ва дигар сохтмону иншоотҳо саҳм дошт, ҳамчунин дар Санкт-Петербург бар сари як комплекси муҳофизатӣ барои ҳифозат обхезиҳо кор кард.
Юрий Севенард дар соҳаи гидротехникӣ 15 ихтироот кардааст.
Дар тӯли фаъолияташ дар Осиёи Миёна, ӯро ба ҳайси узви бюрои кумитаи шаҳри Нораки Ҳизби комунисти Тоҷикистон интихоб карда буданд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Юрий Севенард аз рӯи ихтисоси худ дар Маскав фаъолият мекард.
Маросими дафни Севенард рӯзи 26 июн, соати 11:00 дар шаҳри Заволжеи вилояти Нижегород, он ҷое, ки волидонаш дафн шудаанд, баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *