Исфара: Сокинони зарадида дар муноқишаи марзӣ соҳиби хонаҳои нав шуданд

2 июл ба сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара, ки дар танишҳои ахири марзӣ манзилҳояшон ба коми оташ рафта буд, аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода калиди хонаҳои нав супорида шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Хонаҳои сокинон бар асари даргириҳои мусаллаҳонаи охири моҳи апрел хароб шуда буд ва бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ барои зарардидагон хонаҳои нав бунёд гардида, бо тамоми ҷиҳози зарурӣ, аз ҷумла кӯрпаву кӯрпача, пиёлаву чойник то мошинаи ҷомашӯӣ, яхдону телевизор, тафдон ва сӯзану риштаву болину қолин таъмин мебошанд.

Барои 29 оила дар ду деҳаи зикршуда хонаҳои нав бунёд ва бо асбобу лавозимоти зарурии рӯзгор ба соҳибонашон супорида шуд.

Мавриди зикр аст, ки рафти сохтмони хонаҳо зери назорати Сарвари давлат қарор дошт ва бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари вилоят борҳо аз маҳалли сохтмони хонаҳо боздид карда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуд.

Сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара аз таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат миннатдории худро баён дошта, ба роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори сипос намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *