Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022». Ҳудуди 400 нафар меҳмонон иштирок мекунанд
Рӯзҳои 17 ва 18-уми июни соли 2022 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳадаф аз баргузории ярмаркаи савдо таҳкими муносибатҳои дарозмуддати тиҷоратӣ ва шарикии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, сармоягузорон ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ тавассути фароҳам овардани замина барои намоиши иқтидори маҳсулот, ҳамкорӣ, имконият ва таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои хориҷӣ ва бастани шартномаҳо барои содироти маҳсулот мебошад.
— Дар доираи ин ярмаркаи сатҳи минтақавӣ ҳамзамон гузаронидани Форум таҳти унвони “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо” ба нақша гирифта шуда, тибқи нақша дар ярмарка ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд,- меафзояд манбаъ.
Дар назар аст, ки дар Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» ва форуми тиҷоратӣ илова бар соҳибкорони вилояти Суғд наздики 400 нафар намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон аз вилоятҳои Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳои сайёҳӣ аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вилоятҳои Минску Могилёви Ҷумҳурии Белорус ва Қазоқистон иштирок менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ