Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Қирғизистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми июл дар нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон иштирок мекунад.
Дар ин бора аз суҳбати раисиҷумҳури Қирғизистон Садир Жапаров ва ҳамтои ӯзбеки ӯ Шавкат Мирзиёев маълум мешавад.
«Таъкид карда шуд, ки ҳамаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъвати ширкат дар ин чорабиниро аллакай пазируфтаанд»,- омадааст дар паём.
Бояд гуфт, ки чунин нишаст қаблан соли 2021 дар Туркманистон баргузор шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ