Иштироки Президенти Тоҷикистон дар консерти устодони санъати давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

8 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки консертии “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.

Дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирок намуданд.

«Аҳли фарҳангу санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барномаи бошукӯҳу пурмуҳтавои фарогири муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва равобити некро дар баромадҳои худ ба таври шоиста тараннум ва пешниҳоди иштирокдорони чорабинӣ карданд», иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *