Махачев и Волконовски

Ислом Махачев даъво мекунад

Чанд рӯз пеш яке аз мавзуҳои калидии варзиши ҷаҳонӣ муҳорибаи Ислом Махачев ва Александр Волконовски — ғолиби ин мусобиқа ва қонуншиканӣ кардан ё накардани варзишгари доғистонӣ буд.

Масъала ин буд, ки бархеҳо дар интернет гуфтанд, ки Ислом Махачев сӯзандоруи қувватдиҳанда истифода кардааст, вале инро касе ва ташкилоте эътирофу тасдиқ накард.

— Ман барои ғолиб шудан ҳама корро кардам ва ин суханро Ислом ҳам метавонад бигӯяд. Лекин тавре дигарон мегӯянд, ҷанги мо ноҳақӣ надошт, балки бисёр хуб гузашт. Чун доварон Махачевро ғолиб донистанд, ман розиям,- гуфтааст Александр Волконовски дар як мусоҳибааш.

Яъне, рақибаш ҳам даъво надорад, ки Ислом Махачев доруи нерӯдиҳанда истифода кардааст. Ҳамчунин комиссияе, ки дар Австрия барои назорати муҳорибаи Ислом ва Александр ташкил шуда буд, дар хулосаи худ гуфт, ки то касе шикоят накунад, таҳқиқ намекунанд.

Дар баробари ин, варзишгари доғистонӣ гуфтааст, ки бояд нафарони ин туҳматро бароварда ҷазо бинанд, зеро ба шаъну шарафаш расиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *