Исроил ба Эрон ҳамла кард?
— Ҳамлаи як ҳавопаймои бесарнишин ба маҷмааи саноатии дифоӣ дар устони Исфаҳони Эрон ноком шуд,- иттилоъ дод Вазорати дифои ҷумҳурии исломӣ.
Дар изҳороте, ки Вазорати дифои Эрон гуфт, яке аз се ҳавопаймои бидуни сарнишин ба маҷмааи тавлиди таҷҳизоти дифоӣ дар Исфаҳон аз ҷониби низоми мудофиавии мустақар дар дохили ин муассиса сарнагун карда шуд. Мақомоти дифоии Эрон таъкид кардаанд, ки дуи дигар пас аз афтодан дар домҳои системаи дифоъ мунфаҷир шудаанд.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳамлаи шабонаи бесарнишинҳо, ки шаби 28 ба 29-уми январ роҳандозӣ гардид, ба далели омодагии системаи дифоии мустақар дар минтақа ноком шуд.
Мақомоти дифоии Эрон мегӯянд, ки ҳамла талафоти ҷонӣ надошт ва танҳо дар боми иншоот хисороти ночизе ба бор овардааст.
Васоити ахбори оммаи минтақа бо такя ба «Al Arabiya» аз даст доштани Исроил дар ин ҳамла хабар додаанд, ки гӯиё қасди нобудсозии корхонаи тавлиди бесарнишинҳои шаҳри Табрез ва анбори Исфаҳону Маллардро доштааст. Расман ҷониби Исроил ин иттилоъро шарҳ надодааст. Рӯзномаи амрикоии The Wall Street Journal низ бо такя ба манбаъҳои огоҳ дар Иёлоти Муттаҳида гузориш дод, ки ҳамлаи рӯзи шанбе ба як корхонаи ҳарбӣ дар Исфаҳони Эрон «кори Исроил буд».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ