Истаравшан: Садамаи мудҳиш бо марги ду кас
ВКД Тоҷикистон аз як садамаи нохуши нақлиётӣ дар ҳудуди шаҳри Истаравшан хабар дод, ки бар асари он ронанда ва мусофир даргузаштаанд.
Тибқи навиштаи манбаъ, шаби 21-уми июн ронандаи мошини «ВАЗ-21122» Сироҷиддин Эгамов, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди шаҳри Истаравшан мошини худро идора карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва ба мошини «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда Хушбахтҷон Юсупов, соли таваллудаш 1985, сокини ҳамин шаҳр бармехӯрад.
Дар натиҷа, худи ронандаи мошини «ВАЗ 21122» С. Эгамов ва мусофири он Хусрав Орипови 30-сола аз ҷароҳатҳои бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ