Истироҳат дар рӯзи идҳои миллӣ

Бо шарофати сиёсати фарҳангии Пешвои миллат мақому манзалати ҷашни аҷдодии мо Наврӯзи оламафрӯз боло бардошта шуд. Ин ҷашни ниёгонамон ба маснади воқеии хеш нишаст ва ҷашни ҷаҳонӣ шуд.

Аз таърихномаҳо бармеояд, ки мо дар баробари Наврӯз се ҷашни дигаре дорем, ки инҳо Тиргону Меҳргону Сада мебошанд. Ин ҷашншҳо оҳиста-оҳиста эҳё мешаванд. Барои мисол, 30 сол пеш мо дар бораи ин ҷашнҳо тамоман маълумот надоштем. Ҳоло дар ВАО доир ба ин иду ҷашнҳо мақолаҳо нашр мешаванд. Дар пойтахти кишварамон низ ин санаҳо таҷлил мешаванд. Вале барои воқеан барқарор кардани ин идҳо бояд талош кард.

Пешниҳод мекунам, ки дар баробари Наврӯз рӯзҳои Тиргону Меҳргону Сада низ рӯзҳои истироҳат эълон карда шаванд. Истироҳат дар ин рӯзҳо ва таҷлили бошукуҳи ин ҷашнвораҳо имкон медиҳад, ки ин санаҳои равшани таърихи ниёгонамон эҳё шаванд.

Саидхоҷа МАРДОНОВ, шаҳри Истаравшан

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *