«Исёни Назир»-и Зариф Ғулом рӯнамоӣ шуд
Нависанда Зариф Ғуломро хонандагони рӯзнома ва дӯстдорони адабиёти бадеӣ ҳамчун қиссаю ҳикоянависи хушсалиқаю дорои услуби хоси нигориш хуб мешиносанд. Ӯ мекӯшад дар эҷодиёташ аз таърихи начандон гузаштаи халқи тоҷик фаровону боэътимод истифода барад ва хонандаро ҳушдор диҳад, ки дастовардҳои таърихиро барои насли оянда ҳифз намоянд. Чанде пеш бо қалами ҳақиқатҷӯёнаи Зариф Ғулом повести «Исёни Назир»-ро нашриёти «Адиб» чоп карда, ба дасти хонандагони закӣ расонд.
Пайваста ба ин, дар мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯнамоии ин асари тозаэҷод доир гардид. Иқдоми мазкурро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамдастӣ бо наздикон ва хешу ақрабои қаҳрамони повест роҳандозӣ карда, ба ҳамоиш омӯзгорону хонандагони мактабҳои ноҳия даъват шуда буданд.
Дар бораи сабабҳои навишта шудани «Исёни Назир» нависандагон Зариф Ғулом, Равшани Ёрмуҳаммад, муовини аввали сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Лутфулло Сайфуллоев ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Абдуҷаббор Абдураҳимов сухан ронданд. Таъкид шуд, ки муаллиф доир ба як воқеаи нодири дар саҳифаи таърихи Тоҷикистон инъикоснашуда – шӯриши Назир, ки соли 1916 дар деҳоти атрофи Норак ва Данғараи имрӯза сар зада буд, хеле боэътимоду хонданӣ навиштааст. Муаллиф бо ин иқдом хостааст таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳуриро ба ин ҳодисаи камомӯхтаи таърихӣ ҷалб намояд, зеро тавре шоҳидон – хешон ва дӯстону ҳамсафони ду-се сол пеш барҳаётбудаи Назири шуҷоъ исёни мазкур ҷиҳати фарогирии мавзею маҳалҳо дар бекигарии Балҷувон аз шӯриши номдори Восеи мубориз камтар нест, балки дар баъзе марҳилаҳо ва шумораи иштирокчиёнаш бартариҳо доштааст. Баъди аз тарафи сарбозони бекигарии Ҳисор бераҳмона пахш кардани шӯриш саркардаи он 100 бор калтаккӯб шуда, баъдҳо бар асари захмҳои бардоштааш ба ҳалокат мерасад. Солҳои 60-уми асри гузашта муаллифи романи «Восеъ» устод Сотим Улуғзода дар ҷустуҷӯи ҳамсафони Восеъ ба Колхозобод омада, бо Назир вомехӯрад ва пушти ӯро, ки пур аз пайи калтакҳо буд, акс мегирад ва онро дар Осорхонаи ҷумҳуриявии кишваршиносии ба номи Камолиддин Беҳзод якҷо бо акси устод Cадриддин Айнӣ ба намоиш мегузорад. Бинобар он ки исёни Назир аз ҷониби таърихшиносони Академияи илмҳои Тоҷикистон пажӯҳиши ҷиддӣ нашудааст, ин воқеаи таърихӣ то ҳанӯз нокушода мондааст.
Омӯзгорон Саодат Аллаёрова, Муқим Шарифов, Абдуҷаббор Абдураҳимов ва чанде аз хонандагон иброз доштанд, ки қиссаи «Исёни Назир» ҷанбаи таърихӣ дошта, баҳри ҳисси ватандӯстии насли наврас ва гиромидошти корнамоии гузаштагон асари пурарзиш ба шумор меравад.
Э. Назаров.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ