Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хандаи шаб

Ханда

Модар писарашро сарзаниш мекунад:

-Субҳон, чаро ту ба ҳама гуфтӣ, ки муаллими тарбияи ҷисмонӣ бо муаллимаи риёзӣ бӯсобӯсӣ кардаанд?

Субҳон дар ҷавоб:

-Муаллима худаш маро маҷбур сохт.

Модар ҳайрон шуда мепурсад:

-Чӣ хел маҷбур кард?

Субҳон мегӯяд:

-Муаллима дар вақти дарс ба ман гуфт, ки “Каримов, барои чӣ ту дар партаи охир нишаста, ин қадар механдӣ? Ба мо ҳам нақл кун, мо ҳам бихандем…

Ҷои гарм

Субҳи барвақт, ҳаво сард. Пиразане вориди троллейбус мегардад, ки танҳо як ҷавон нишастааст. Пиразан назди ҷавон омада мегӯяд:

-Бачем, ба ман ҷой деҳ.

Ҷавон ҳайрон шуда мепурсад:

-Бибиҷон, охир, троллейбус пур аз ҷои нишасти холӣ аст, чаро маҳз ба ҷои ман нишастан мехоҳед?

Пиразан мегӯяд:

-Курсии нишастагии ту гармак аст, бачем.

Наркоз

Аз бемор қабл аз ҷарроҳӣ мепурсанд:

-Ба шумо наркози арзонро истифода барем ё қиматашро?

Бемор мегӯяд:

-Арзонтарашро.

Духтур дар ҷавоб:

-Хоби ширин, хоби ширин…

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.