КҲФ огоҳ мекунад: Ҳавои сарду барф дар пеш аст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар рӯзҳои наздик ҳаво сард хоҳад шуд.

КҲФ дар асоси маълумоти ҳавосанҷон гуфтааст, ки аз 28 то 31 октябр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат ҳарорати ҳаво поин рафта, борон ва дар ноҳияҳои баландкӯҳ барфи шадид меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо то ба 10-12 дараҷа поин меравад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар ин шабу рӯз ҳолати коршоямии ноқилҳои барқӣ, розеткаҳо ва дигар асбобҳои барқӣ бояд санҷида шавад.

Манбаъ мегӯяд, истифодаи ҳич як асбоби барқии худсохт тавсия намешавад.

Ғайр аз ин ҳангоми фарорасии ҳавои хунук зарур аст, ки асбобҳои барқӣ, плитаҳои электрикӣ, гармкунакҳо, дегҳо, инчунин печҳо беназорат гузошта нашаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *