Кӣ нархи газро баланд мекунад?

Оё шумо 4,7 сомонӣ фурӯхта шудани газро дида будед? Не? Пас ҳоло як ба нуқтаҳои сузишворифурӯши раведу бинед. Тақрибан дар якуним ду моҳи охир нархи газ зери 60% баланд шуд. Чаро? Магар кам истеҳсол мешавад? Не, мувофиқи оморҳои истеҳсолии кишварҳои истеҳсолкунандаи гази моеъ, ки мо аз онҳо мехарем, гази истеҳсолмешуда мисли пештара ва дар баъзе ҳолатҳо беш аз пештара истеҳсол мешавад.

Чун нархи газ боло рафт ва баъзе ронандагон ба мошинҳои худро ба бензин мутобиқ карданд, намуди бензини арзонтарин-АИ 92 аз 5 сомонию 20 дирам то 5 сомонию 70 дирам ва ҳатто 6 сомонӣ болотар рафт. Яъне вобаста ба талабот фуршандагони он низ аз фурсат истифода бурда, нархи онро боло бурданд. Гази моеъро на танҳо дар мошинҳо, балки аҳолӣ низ барои истифодаи хоҷагии худ истифода мебаранд. Чун нархи барқ ҳам арзон нест ва майли болоравӣ дорад, агар онҳо барои пухтани хурок газ нахаранд, пас таппии бобоиро аз куҷо пайдо кунанд,ки барои худ чой ҷӯшонанд?
Аҷибаш он аст,ки на ширкатҳои сузишворифурӯшӣ ва на ниҳодҳои масъули давлатӣ сабаби чунин болоравиҳоро намегуянд ва вақте, ки ин саволро медиҳед, китф дарҳам мекашанд..
Дар Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизел асосан аз Русия ва Қазоқистон ба воситаи Қирғизистон ворид мешавад.Соли 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тонна гази моеъ, қариб 180 ҳазор тонна бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тонна маводи дизелӣ ворид шудааст. «Фароз”, «Газпром», «Газойл», «Роҳи Сомон нафт» ва “Суғднефт”,ки ин бозоро соҳибӣ кардаанд, то ҳол ягон шарҳи қонеъкунадае дар ин маврид пешниҳод накардаанд.Агар чунин ҳолат идома ёфтан гирад, дар Тоҷикистон вобаста ба болоравии нархи сузишворӣ,нархи ҳамаи гуна маводи истеъмолии дараҷаи аввал низ боло хоҳад рафт ва чунин раванд оғоз гардидааст.Пас, кӣ бояд ба ин саволҳо ҷавоб гуяду кӣ барои ислоҳи вазъ кушиш кунад?
А.А.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *