Кӯдакони то 6-сола сафар накунанд. Чаро вазорат чунин гуфт?

Вазорати тандурустии кишвар сафари кудакони то синни 6 — соларо ба мӯҳлати 60 рӯз пас аз қабули ваксинаи охири зидди бемории фалаҷ манъ кард.

Ба иттилои манбаъ, бо қарори сартабиби давлатии санитарии Тоҷикистон аз 2 октябри соли ҷорӣ бо назардошти онки то 15 сентябр даврҳои Рӯзҳои миллии иммунизатсия дар кишвар бар зидди бемории фалаҷ анҷом дода шуд, аз ин рӯ сафари кӯдакони то 6 — сола ба мӯҳлати 60 рӯз пас аз қабули ваксинаи охирони зидди бемории фалаҷ манъ карда шуд.

Дар ҳолатҳои истисноӣ, бо дарназардоштӣ то ба имзо расонидани қарори мазкур аз ҷониби волидайни кӯдакони ваксинашудаи то синни 6-сола харидорӣ намудани чиптаҳои ҳавопаймо барои сафар ба Русия бевосита аз Тоҷикистон ва ё тавассути дигар давлатҳо танҳо бо шарти дар даст доштани ҳуҷҷатҳои зарурии иммунизатсияи кӯдакони синни то 6-сола бо дарҷи марҳилаҳои Рӯзҳои миллии иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ иҷозат дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *