Кӯшониён: Марги як хонум дар натиҷаи бархӯрди ду мошин

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди деҳаи Қаҳрамони ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷаи он як нафар ҷони худро аз даст додааст.

— Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар вилояти Хталон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва диданд, ки як мошини тамғаи «Opel Astra F», ки аз ҷониби як сокини 27-солаи шаҳри Душанбе идора мешуд, ба мошини боркаши тамғаи «Mercedes-Benz Sprinter» бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири мошини “Опел” — хонуми 53-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Наҷотдиҳандагон ҷасади хонуми ҳалокшударо аз дохили мошини садамадида берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд,- меафзояд манбаъ.

Сабаби садама дақиқ нест, вале ба эҳтимоли зиёд суръати баланди ҳаркат боиси он шудааст, ки ронандаи «Opel Astra F» аз уҳдаи идораи он набаромадааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *