Кӯмакхоҳии як зани танҳои бехонавудар аз мардуми тоҷик дар моҳи Рамазон
Ин зани танҳо, ки шавҳар надорад, хайр карда, савоби ҳаҷро бигиред! Чанд рӯз қабл зани бехонаву даре ба идораи ҳафтаномаи «Оила» омада, бо чашми гирён нақл кард, ки ҷойи рафтану зистан надорад. Мо нақли ин занро аз даҳони худаш пешкаши шумо месозем.
«Беваи бехонаву дарам. Худованд маро аз ширинтарин меваи дарахти умри инсонӣ-фарзанд маҳрум намудааст. Моҳи бафайзу баракати Рамазон аст, шояд мардум аз барои Худо ба мани фақир дасти ёрӣ дароз намоянд гуфта, ба идораи «Оила» омадам. Қиссаи зиндагии ман дурудароз аст. Ба хотири муҳаббате, ки нисбат ба шавҳарам доштам, умрамро бе фарзанд гузарондам. Мардакам дар аввал одами пулдор ва бисёр саховатманд буд, ба ҳама дасти ёрӣ дароз мекард, вале касе пеши роҳашро баст ё чашми бад расид, ки якбора корҳояш дӯлоб шуда монданд. Ба зиндон афтид. Хонаро фурӯхта ҷони шавҳарамро харидам, аммо тақдир боз бо мо бозии номардона кард. Мардакам бемор шуда аз олам гузашт. Инак, муддати 5 сол мешавад, ки танҳою зорам. Беҳуда мардро сутуни зиндагӣ намегуфтаанд, аз рӯзе, ки шавҳарам мурд, хору зор ва дарбадару сарсон шудам. Бародару хоҳар ва хешу табор доштан албатта хуб аст, вале дар рӯзи сахтӣ ба ҷуз худованд дигар касе дастатро намегирифтааст. Аз ночорӣ ҳатто ба шавҳар кардан розӣ шудам, вале ку ҳамон марди бо нангу баномусе, ки ман барин зани ҷафокашидаро як умр пуштибон гардад? Ростӣ, бародарам маро се сол дар хонааш роҳ дод, вале онҳо низ зиндагии худро доранд ва ман наметавонистам як умр барояшон дарди сар шавам, барои ҳамин ба иҷорахона кӯчидам. Иҷорахонае, ки алҳол зиндагӣ карда истодаам, як оғилхона аст. Се-чор бевазани дигар дар ин оғилхона ҳамроҳи ман зиндагӣ мекунанд. Соҳиби он бинои нообод аз ҳар кадоми мо 100 сомонӣ иҷорапулӣ мегирад. Саломатиам пештар хуб буду кор карда пули иҷораро медодам, вале акнун бемор шудааму мадори бардоштани борҳои вазнинро надорам. Намедонам аз куҷо ҳар моҳ 100 сомонӣ ёфта ба соҳиби ин кулбаи вайрона диҳам, то аз ҳамин оғилхона ҳам маро берун насозад. Умеди охиринам ҳамин газетаи «Оила» аст. Хонандагони азиз, бо ашки шашқатор дарди диламро ба шумоён гуфта, умед дорам, ки нисбати тақдири мани мискин бепарво намемонед. Эй бандаҳои дӯстдори Худо, медонам, ки дар моҳи рамазон ҳамаи шумо закоти рӯза медиҳед. Мегӯянд беҳтарини садақот ҳамонест, ки ба беваю сағера карда мешавад, пас аз барои Худо маро аз вартаи ноумедӣ халос карда, савоби ҳаҷҷи акбарро бигиред!» Холисамоҳ Юсупова, н. Рӯдакӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ