Кабириро акнун Интерпол ҳам меҷӯяд
Интерпол Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати Исломиро расман таҳти пайгард қарор додааст. Ду аксу муаррифиномаи кӯтоҳи Кабирӣ дар саҳифаи расмии Интерпол нашр шуда ва ӯ ба «терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва қаллобӣ» муттаҳам шудааст.
Интерпол мегӯяд, ки раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро бо дархости ҷониби Тоҷикистон ҷустуҷӯ дорад. Муҳиддин Кабирии 51-сола, ки Интерпол ӯро зодаи ноҳияи Ваҳдат (Орҷеоникзеободи собиқ) ном бурдааст, аз моҳи марти соли гузашта ба ин тараф дар хориҷа ба сар мебарад. Қаблан мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфта буданд, ки Муҳиддин Кабирӣ дар яке аз кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ