пирӣ

Кадом кишварҳо аз ҷиҳати пиршавии аҳолӣ пешсафанд?

Гуфта мешавад, ки дар се даҳсолаи оянда шумораи афроди синнашон аз 65 боло дар тамоми ҷаҳон ду баробар афзоиш ёфта, то соли 2050 ба 1 миллиарду 600 миллион нафар мерасад.

Тибқи як тадқиқоти Созмони Милали Муттаҳид, одамони солхӯрда беш аз 16%-и аҳолии ҷаҳонро ташкил хоҳанд дод.

Ба гуфтаи коршиносон, раванди пиршавии аҳолӣ ба яке аз муҳимтарин дигаргуниҳои иҷтимоии асри 21 табдил меёбад. Ин қариб дар ҳамаи соҳахои ҷамъият зоҳир мегардад.

Пиршавии демографӣ ба бозорҳои меҳнат ва молиявӣ, ба талабот ба молу хизматрасониҳо, инчунин ба сохтори оила ва муносибатҳои байни одамони наслҳои гуногун таъсир мерасонад.

— Минтақаи Осиё дар сафи пеши ин тамоюл қарор дорад. То соли 2050 тақрибан 40%-и аҳолии Гонконг, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон синнашон аз 65 боло хоҳад буд,- навиштааст расонаи Statista бо истинод ба гузориши СММ.

Дар байни давлатҳои Аврупо раванди пиршавии аҳолӣ дар Италия, Испания, Юнон ва Португалия бештар ба назар мерасад.

Мувофиқи маълумоти СММ, дар соли 2021 Уқёнуси Ором, Африқои Шимолӣ ва Осиёи Ғарбӣ минтақаҳое мебошанд, ки камтар аз 50 миллион нафар аҳолии синнашон аз 65 боло доранд.

Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи баҳри Кариб, Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо ва Амрикои Шимолӣ минтақаҳое мебошанд, ки дорои бештар аз 50 миллион нафар аҳолии синнашон аз 65 боло ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *