“Кафолатбонк” дар Тоҷикистон дигар кафолат намедиҳад

“Кафолатбонк”- бонки хориҷӣ дар дигар дар Тоҷикистон фаъолият намекунад. Зеро Бонки миллии Тоҷикистон бо як қарори худ  иҷозатномаи онро бозхонд кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон “қарори мазкур дар асоси қарори Шӯрои нозирони Бонки миллии Покистон аз 21 феврали соли 2020 тибқи стратегияи тиҷоратӣ барои амалиёти байналмилалӣ қабул шудааст, ки дар стратегияи номбурда хотима додани фаъолияти Бонки миллии Покистон дар бозорҳои молиявии Туркманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Тоҷикистон қарор дода шудааст”.

“Чанд дафъа Бонки миллии Тоҷикистон “Кафолатбонк”-ро барои мутобиқ набудан ба талаботи меъёриву ҳуқуқӣ ва иҷро накардани меъёрҳои мақбули БМТ ҳушдор дода буд ва акнун тасмим шуд, ки муҷаввизи фаъолияти он бозхонда шавад”,-гуфтаст Мавҷуда Ҳасанова, сухангӯи БМТ ба “Озодӣ”.

Мавҷуда Ҳасанова, сухангӯи БМТ дар робита ба бозхонди муҷаввизи намояндагии Бонки миллии Покистон дар Тоҷикистон гуфт, ки чунин тасмим бо дархости худи намояндагӣ гирифта шуд, ки нахостанд дигар дар Тоҷикистон фаъолияти бонкӣ дошта бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *