Калонтарин масҷид дар Душанбе (инфографика)
8-уми июни соли равон дар шаҳри Душанбе калонтарин масҷид бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва амири давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ расман ифтитоҳ ёфт. Пешниҳод гардид, ки масҷид ба номи “Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит” гузошта шавад.
“Пас аз маросими расмии ифтитоҳи масҷид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ бо шоҳкории меъмории миллии тоҷикона ва шароит барои намозгузорон дар он шинос шуданд”,- иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.
Баъди шиносоӣ сарони давлатҳо барои таҳияи масҷид ду ракаат намоз хонда, ба сифати корҳои анҷомдодашуда, ки бо риояи суннатҳо ва нозукиҳои меъмории миллӣ иҷро шуда, таҷассумгари омезиши моҳиронаи арзишҳои миллӣ ва суннатҳои динӣ мебошанд, баҳои баланд доданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барои саҳмгузорӣ дар бунёди ин шоҳкорӣ изҳори сипос намуда, татбиқи лоиҳаро намунаи олии ҳамкории ду давлат арзёбӣ кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ