Капитан Никитин-“террористи” Петербург?
Баъд аз амалиёти террористӣ дар Петербург бори аввал дар телевизион ва сомонаҳо ҳамчун гумонбар акси марди ришдореро нишон доданд.
Аммо баъдан ин шахс худаш ба идораи пулис омада гуфт.ки ӯ дар ин кор даст надорад. Ин шахс кӣ буд? Маълум шуд,ки ин марди ришдор дар либоси мусулмони Алексей Никитин ном дошта собиқ капитани Неруҳои десантии Русия будааст ва дар ҷангҳои Чеченистон ширкат варзидааст. Капитан Никитин баъдан дини исломро қабул карда, ба худ номи Илёсро гирифтааст ва ҳоло ронандаи мошини боркаш ё худ “далнобойшик” будааст. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки вақте аксашро ҳамчун “террорист” дар ТВТ дид, зуд ба идораи пулис омада худро муаррифӣ кард. Баъд аз ба саволҳои муфаттишон ҷавоб додан, ӯро аз идораи пулис раҳо кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ