Каримов: «Даргириҳо дар Афғонистон таҳдиде ба минтақа аст»

Расиҷумҳури Узбакистон гуфт, танҳо роҳи поён додан ба ҷанг дар Афғонистон оғози гуфтугу бо тарафҳои даргир ва расидан ба сулҳ таҳти ҳимояти Соҳмони Миллаи Муттаҳид мебошад.

Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбекистон  ин нуктаро пас аз дидор  расмӣ бо Шен Ҷинпин дар нишастаи хабарӣ изҳор дошт ва гуфт: «Ҳали мушкилоти Афғонистон танҳо бо роҳи гуфтугӯ байни тарафайни даргир ва таҳти назорати СММ имконпазир аст».

Ӯ дар идома, бо таъкид ба ин ки масъалаи Афғонистон бояд сареъан ҳалли худро пайдо кунад, афзуд: «Барои ҳалли масъалаи Афғонистон ҳеч роҳи ҳалли низомӣ вуҷуд надорад, чунон ки даргириҳо дар ин кишвар фоидае надошт»

Раисҷумҳури Афғонистон бо ишора ба ин ки вазъияти ҷангӣ ҳанӯз дар Афғонистон идома дорад, гуфт:»Хатари таҳдиди ин даргириҳо ба сойири кишварҳои минтақа, як таҳдид воқеӣ ба ин кишварҳо мебошад».

Нигаронии Ислом Каримов дар иртибот ба вазъияти Афғонистон дар ҳолест, ки тайи чанд моҳи ахир вазъияти амниятӣ дар кишвар бадтар шудааст. Фаъолияти гуруҳҳои ифротгаро, ба вижа Толибон ва «Давлати исломӣ» дар кишвар бештар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *