Киҳо ба Омбудсмени Тоҷикистон шикоят доранд?

Давоми 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон нисбати 8 ҳазору 659 волидайн протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Ин нукта зимни нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зикр шуд.

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби ин ниҳод 5 ҳазору 65 нафар вайронкунандагони қонун дар маҷмуъ 814 ҳазору 172 сомонӣ ҷарима карда шудаанд.

Ҳамчунин, дар нимсолаи якуми соли равон ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон беш аз 870 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода гуфт: «Дар маҷмуъ аз 871 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 32 адад мусбат ҳал гардидаанд».

Дар мавриди он, ки одатан шаҳрвандон аз рӯи кадом масъалаҳо ба Омбудсмен муроҷиат мекунанд, тавзеҳ дода шуд, ки муроҷиатҳо марбути ҳуқуқ ба манзил, таъминоти иҷтимоӣ, зӯроварӣ дар оила ва дигар масъалаҳо будаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *