Ки ҳақ: Гулинор ё ҳукумати Кӯлоб? (Тадқиқоти Pressa.tj)

Ҳодиса чунин буд…

16-уми декабри соли 1997 Ҳабиба Меликова, сокини шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Содиқов соҳиби 12 сотих замин гардид. Ӯ дар ин замин хона бунёд кард ва бо модару хоҳару бародараш зиндагӣ намуд. Соли 2010 дар натиҷаи офати табиӣ сел аз ду хонаи дар ҳавлӣ буда якеашро пурра  хароб кард. Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ соҳибхона аз маҳаллаи Зарринкуҳ бо чор дар хона таъмин карда шуд.

Аммо модари соҳибхона, Гулинор Хонимқулова дар ҳавлии аз сел осебдида боз зиндагиро давом дод. Аз миён 11 сол гузашт. Моҳи майи соли 2021 бори дигар ба маҳаллаи Содиқов сел омад ва хонаи Гулинорро қисман хароб кард. Ин ҳамон хонаест, ки Гулинор дар он тибқи қарори Ситод ҳақ надошт зиндагиро идома диҳад. Дар  баробари ин, ӯ дар расонаҳо мегӯяд, ки барояш қисман кумак кардаанд, вале барои пурра сохтани хона қувваи корӣ надорад. Ҳоло дар хайма зиндагӣ мекунад. Мақомот ба ин назаранд, ки ӯ ҳақ надорад, вале ӯ кумак мехоҳад.

Журналистони Pressa.tj барои кушодани ин муаммо ба шаҳри Кӯлоб сафар доштанд ва бо Гулинор Хонимқулова,  намояндаи Кумитаи ҳолатҳои  фавқулодда, полковник М. Садиров, сармеъмори шаҳр Қурбони Маҳмудҷон ва духтарони ин пиразан суҳбат намуданд ва асли қазияро бозгӯ карданд. 

Видеои гузоришро ин ҷо бинед

Ду пойи Гулинор  дар як мӯза

Сараввал мо ба дидору суҳбати Гулинор Хонимқулова ба маҳаллаи Содиқови шаҳри Кӯлоб омадем. Баъд аз пурсуҷуҳои зиёд аз ҳамсояҳо  Гулинор Хонимқуловаро дар зери хайма, дар маҳаллаи Содиқов дарёфтем. Чун ӯ донист, ки журналист ҳастем ва аз мақсади омадани мо огоҳ шуд, беихтиёр ба гиря кардан даромад. Ӯ бо гиряву зорӣ аз азобҳои дирӯзу имрӯзаш қисса кард. Мехоҳад, ки дар ҳамин ҷойи осебдида барои бунёди хонаи нав ба ӯ мардум ва мақомот кумак кунанд. Ҳарчанд  мақомот ба ӯ маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили тахтаву семент, шифер кумак кардаанд, аммо аз моҳи май то кунун корро оғоз накардааст. Ҳатто, тахтаҳои навро, ки мақомоти шаҳри Кӯлоб кумак кардаанд, писараш аз онҳо шит сохтааст.

Ӯ мегӯяд:

— Моҳи майи соли 2021 сел омад. Маро сел бурд. Аз назди завод ҳамсояҳо  дошта, аз марг наҷот доданд. Вақте ки ба ҳуш омадам, худро дар беморхона дарёфтам. Баъдан, чанд маротиба инсулт шудам. 12 рӯз дар беморхона хоб кардам. Аз моҳи май инҷониб бо духтарам дар хайма зиндагӣ мекунем. Дар ин синну соле, ки дорам, вазнин аст. Ҳаво сард аст, аз гӯшаҳои хайма хунукӣ медарояд.

— Чаро то ҳол дар хайма зиндагӣ мекунед? Мақомот кӯмак накарданд?, — мепурсем мо.

-Кумак карданд.  111 шифер, 60 халта семент, 2 кӯб тахта, 4 халта гандум ва равған ёрдам карданд. Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода чанд маротиба аз ҳолам хабар гирифт. Орду равған ва туҳфа ҳам овард. Ҳазор раҳмат.

— Пас, чаро то ҳол маҳсулоти сохтмониро истифода намекунед?,- илова мекунем мо.

— Шароит надорам. Ман аъзои ташиклоти байналмилалии “Ҳомиёни Ватан” мебошам. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ барои ҳимоя ва барқароркунии сохти конститутсионӣ хизмат кардам. Имрӯз бошад, бесарпаноҳаму ниёз ба дастгирӣ дорам.

-Чанд фарзанд доред?,- суол мекунем мо.

— Се фарзанд. Ду духтару 1 писар. Духтари калониам аз ман ҷудо зиндагӣ дорад. Ана, ин духтаре, ки мебинед, бо ман аст. Аз шавҳараш ҷудо шуд ва ба нигоҳубинам машғул мебошад. Писарам  ба ман нигоҳ намекунад. Ҳол он ки бо зану фарзандонаш дар паҳлӯи хонаам зиндагӣ доранд. Ду мошин санг, 1 мошин қуму шағал гирифтам. Гуфтам, биё, кори хонаро сар кунем, гӯш накард. Бо тахтаҳои нав барои бунёди хона шит сохт. Ҳоло мо дар зери барфу борон мондаем. Раиси шаҳри Кӯлоб барои кумак ваъда кард.

— Ин ҷо 11 сол пеш ҳам сел омада буд, чандин хона зарар дид. Шумо ҳам аз офат зарар дида будед?,- суоли навбатии мо буд.

— Бале. Хонаи духтарам зарар дид. Ӯ хона гирифту аз ин ҷо рафт. Ду хона доштем, аз ман қисман зарар дид. Бо вуҷуди ин, кӯмак карданд.

— Пас, боз чӣ даъво доред? Чаро дар ин сардиҳо дар манзили духтаратон намеистед?- меафзоем мо.

— Барои бунёди хона шароит надорам. Хонаи духтарам дур, серодам. Он ҷо истода наметавонам. Писараш дар Русия 8 сол аст, ки зиндонӣ аст. Як духтараш аз шавҳар ҷудо шуд, бо се фарзандаш дар хонаи ӯ зиндагӣ доранд.

Дар суҳбати соҳибмулки асосӣ

Пас аз суҳбат ва кумакхоҳиҳои Гулинор Хонимқуловаро шунидан, мо роҳ пеш гирифтем ҷониби хонаи духтараш Ҳабиба Меликова, ба маҳаллаи Зарринкуҳ, ки соҳибмулки асосии хона аст.

Ҳабиба Мелиева дар суҳбат бо мо гуфт, ки мехоҳад модараш дар хонаи ӯ зиндагӣ кунад, вале модараш инро намехоҳад. “Бо вуҷуди он ки ман дар хонаам мард надорам ва зиндагиямро духтари бешавҳарам пеш мебарад, ман дар талош ҳастам, ки дастгиру ғамхораш бошам”,- гуфт ӯ.

Ба болои ин ҳама духтари Гулинор Хонимқулова тасдиқ кард, ки хонаи маҳаллаи Содиқов, ки соли 2010 дар натиҷаи офати табиӣ зарар дида буд, аз они ӯ буд ва модараш дар ҳамон замин ду дар хона карда буд.

Намояндаи КҲФ: Ӯ ҳақ надорад, ки хона созад!

Пас аз ду маротиба сел омадану хонаи сокинонро вайрон кардан, Гулинор мехоҳад боз дар ҳамон замин хона бунёд кунад. Вобаста ба ин подполковник М. Садиров, сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Кӯлоб зимни суҳбат ба мо гуфт, ки ҷойе, ки Гулинор Хонимқулова хона бунёд кардан мехоҳад,  мувофиқ нест. Зеро мувофиқи қарори Ситод ва  қоидаи шаҳрсозӣ ин ҷо бунёди хона дигар мумкин нест. Мо чанд маротиба рафта, аз ҳоли ӯ хабар гирифтем. Хонаи ӯро такроран сел зад. Боз ҳам дар асоси қарори ситод кумак кардем. Ҳол он ки номбурда ду хонаи ғайриқонунӣ сохта буд. Барои мо норӯшан аст, чаро то ҳол маҳсулоти кумаккардаро истифода намебарад. Ҳарчанд ки ин маҳсулот кифоя аст. Ғайр аз ин,  хонаи духтараш калон аст, онҷо рафта, зиндагӣ намекунад. Вақте ки хонаро об зад, дигар он ҷо зиндаги кардан мумкин нест. Замин моликияти давлат мешавад. Ҳоло дар ҷое, ки холаи Гулинор қарор дорад, ғайриқонунист. Як тараф мактабу дар тарафи дигар сойи калон мегузарад. Имрӯз дар зери хайма худ ба саломатиаш зарар расонида истодааст. Вале ин зан бо ҳар роҳ мехоҳад, ки дар ҳамин ҷо боз соҳиби хона шавад. Аз рӯи қонун ин пиразан ҳақ надорад хона созад. Ба номаш хона ҳам надорад. Ба ин нигоҳ накарда, комиссия ҳақдод кард.

Сармеъмор чӣ назар дорад?

Аҳмадзода Қурбони Маҳмудҷон, сармеъмори шаҳри Кӯлоб низ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки Гулинор Хонимқулова дигар ҳаққи бунёди манзил дар мавзеи офатзаро надорад. Ӯ гуфт:

— Мо ҳам аз зиндагии имрӯзаи Гулинор Қурбонова огоҳ ҳастем. Пофишорӣ дорад, ки мақомот барояш хона сохта диҳанд. Мувофиқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ соли 2010 хонаи аз офат зарардида ба ҳисоби давлат гузашт. Ба ҷои он дар маҳаллаи Зарринкуҳ ба соҳибмулк Меликова Ҳабиба чор дар хона бо лавозимоти рӯзгор супорида шуд. Бояд Гулинор Хонимқулова якҷо бо духтараш рафта, дар он ҷо зиндагӣ ихтиёр мекард. Соли 2010, ки бо сабабҳои айниву зеҳнӣ мақомоти дахлдор Гулинор Хонимқуловаро аз хонаи офатзада бароварда натавонистанд. Ӯ боз дар ҷои офатзада ду ҳуҷра сохту зиндагиро идома дод. Аз байн 11 сол гузашт ва боз хонаашро сел қисман вайрон кард ва бо вуҷуди ин, кумак расонида шуд.    

Ба ҷойи хулоса

Хулосаи Pressa.tj бо чанд савол ҷамъбаст мешавад. Вақте Хонимқулова Гулинор барои соҳибмулк шудан қунунӣ ҳақ надорад,  чаро даъвои манзил дорад?  Модоме ки дар асоси  қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ соли 2010 барои осеб дидан дар офати табиӣ ба оилаи ӯ хона доданд, пас чаро дар хонаи нав зиндагӣ намекунад? Модоме ки тибқи қонуну қоидаи шаҳрсозӣ дар ҷойи зисти Хонимқулова Гулинор бунёди хона мумкин нест, пас чаро мақомоти маҳаллӣ ба ӯ барои бунёди хона кумак карда истодаанд? Ва охир, модоме ки Хонимқулова Гулинор узви ташкилоти байналмилалии “Ҳомиёни ватан” аст, пас чаро онҳо ба доди ин пиразан намерасанд?

Усмон РАҲИМЗОДА,

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

Душанбе-Кӯлоб-Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *