«Кин» ба фестивали «Филмҳои беҳтарин»- и Ню-Йорк меравад

Музаффар Шодиев- иҷрокунандаи нақши асосӣ дар филми ҳунарии «Кин», ҳамчунин бунёдгузори филми мазкур имрӯз дар сӯҳбат бо хабарнигори Tajikiston.times гуфт, ки эшон ба фестивали «Филмҳои беҳтарин»-и Ню- Йорк   даъвати шудаанд.

Филми «Кин» аз ҷониби филмофарон чун беҳтарин филм да соли 2016 эътироф гардида, авали филмест, ки имсол бо ҷоизаи «Вазорати фарҳанг» кумитаи «Тоҷиккино» сарфароз гардонида шудааст.

Филми мазкур бофтаи тахайёлии муаллиф набуда, дар асоси ҳаёти воқеии як шахси соҳибэътибор ба навор гирифта шудааст.

Тавре, ки музаффар Шодиев зимни сӯҳбат бо Tajikistan.times гуфт:

— Ин филм аз ҳаёти воқеии як шахс гирифта шудааст, ки дар ҳаёт хеле зиёд хиёнатҳо дида, азобу уқубати бисёреро пушти сар намудааст, то ин ки дубора ба по хезад. Мо бо тағйир додани беъзе воқеаҳо ва мутобиқ намудан бо талаботи филмофарӣ онро ба навор гирифтем.

 «Кин» аз ҳаёти оилае қисса мекунад, ки сарвари он Фарҳод Одинаев раиси бонк буда, ба кин ё худ ғазаби соҳибкоре гирифтор шуда, дар асоси «подстава»-и ӯ фарзанди хурдияшро ба гаравгон гирифта, аз фарзанди калонияш талаб мекунанд, ки барои раҳоии бародараш бонки падарашро ғорат кунад. фарзанди калонӣ, ки худ корманди ниҳоди қудратӣ буд, зимни ғорат намудани бонк дастгир мешавад. Падари хонандонро барои ин амали фарзандаш аз кор сабукдӯш мекунанд. Фарзанди хурдии гаравгоншуда- Беҳрӯз баъди озод гардидан аз гаравгонӣ ба хизмати Модар- Ватан меравад, баъди бозгашт ӯ мефаҳмад, ки падар ба зиндони шудани писари баруманду баобртоб наоварда, бар асари сактаи қалб аз олам дармегузарад. Модараш, ки якаю танҳо монда буд, ба хонаи бепарасдорон афтида ҳамон ҷо ҳалок мешавад.

Филми мазкур пур аз ҳодисаҳои ғамангези зиндагӣ буда, тамошобинро ба римеоварад. Рӯнамоии филм аввалин маротиба дар «Кохи Ҷомӣ» баргузор гардида буд. Инак рӯнамои дуюми он ният аст, ки дар «Кохи Наврӯз» барпо гардад.

 Буҷаи филм 120 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, ҷавобгӯ ба кули талаботи филмофарӣ мебошад:

«Ман ҳамчун бунёдгузори ин филм ва ҳам иҷрокунандаи нақши асосӣ бо боварии комил гуфта, метавонам, ки ин филм аз ягон ҷиҳат камбудӣ надорад. Зеро сенарияи онро режесери соҳибистеъдод Саидмурод Одинаев навишта, дар он беҳтарин ҳунармандони касбӣ, аз қабили  Шералӣ Абдулқайсов, Давлат Убайдуллоев, Савринисо Сабзалиева, Хуршед Мустафоев ва чемпиони Осиё Нодира Исоева нақшофарӣ намудаанд. Умед бар он мебандам, ки «Кин» аз Ню-Йорк бе ҷоиза барнамегардад.

  1. PS. Сӯҳбати пурраи моро бо Музаффар Шодиев бобати «Кин» ва дигар филмҳои дар арафи рӯнамоияш рӯзҳои наздик аз сомонаи Tajikistan.times мутолиа намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *