Китоби нав: «Бӯе зи Мӯлиён» дар Эрон
Китоби “Бӯе зи Мӯлиён” маҷмӯаи шеърҳои даҳ шоири ҷавони тоҷик аст, ки бо пешниҳоди донишманди шинохтаи тоҷик, профессор Сафар Абдуллоҳ тариқи интишороти “Хирадгон”-и Эрон бо теъдоди 1000 нусха ба чоп расид.
Дар он даҳ шеър аз даҳ шоири тоҷик — Фирдавси Аъзам, Толиби Луқмон, Баҳроми Раҳматзод, Муҳриддин Сабурӣ, Шаҳриёр Олимӣ, Шодиҳасани Шарифниё, Бузургмеҳри Баҳодур, Эҳсони Раҷабӣ, Бузургмеҳри Тоҷиддин ва Бобаки Суғдӣ нашр шудааст.
Бояд гуфт, ки ин аввалин иқдом дар самти муаррифии ашъори шоирони ҷавони тоҷик дар Эрон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ