Клуби «Ҳоҷӣ Шариф» ба финали Лигаи минтақавӣ роҳ ёфт

Дар Маҷмааи варзишии «Игоровой»-и шаҳри Маскави Федератсияи Русия марҳилаи дуюми мусобиқаи байналмилалии Лигаи минтақавии ҷудо байни дастаҳои мардона баргузор шуд, ки дар он аз Тоҷикистон дастаи клуби «Ҳоҷӣ Шариф» иштирок кард ва ба финал роҳ ёфт.

Дар марҳилаи дуюм 16 даста дар чор гурӯҳ барои ҳашт роҳхат ба финал рақобат карданд. Клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф» дар як гурӯҳ бо клубҳои «Урал-Сибири Ғарбӣ» (Екатеринбург), «Турбостроител» (Санкт Петербург) ва «Jenys» (Қазоқистон) сабқат карда, ҷойи дуюмро ишғол кард ва ба финали Лигаи минтақавии ҷудо роҳ ёфт.

Ба ҳайати дастаи Клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф» дар вазнҳои -66 кг Фирӯз Мелибойзода, Обид Ҷебов, вазни -73 кг Абубакр Шеров, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, -81 кг Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, — 90 кг Ҳақназар Назаров, +90 кг Шакармамад Мирмамадов ва Мансур Раҳмон шомиланд.

Варзишгарони мо дар се рақобат бар дастаҳои «Турбостроител» ва «Jenys» ғалаба карда, аз дастаи «Урал-Сибири Ғарбӣ», ки дар гурӯҳ ҷойи аввалро гирифт, шикаст хӯрд.

Дар Лига дар маҷмуъ 24 дастаи пурқувват аз Русия, Белорус, Қазоқистон, Сербия, Эрон, Тоҷикистон ва Ҳиндустон иштирок доштанд ва аз миёни дастаҳои хориҷӣ танҳо Клуби «Ҳоҷӣ Шариф» ба финал роҳ ёфт. Дар марҳилаи ниҳоӣ, ки 8-уми июл дар назар аст, 8 дастаи беҳтарин барои 6 миллион рубл тибқи «системаи олимпӣ» бидуни набардҳои такрорӣ мубориза мебаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *