Клуби «Ҳоҷи Шариф» соҳиби нишони нуқраи“Ҷоми Ҷенис-2023”шуд

21-уми декабри соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон қувваозмоиҳои “Ҷоми Ҷенис-2023” миёни мардон баргузор гардид. Қувваозмоиҳо дар 5 вазн (-66 кг, -73 кг, -81 кг, -90 кг, +90 кг) сурат гирифтанд.

Дар ин рақобатҳо варзишгарони 17 клуби кишварҳои Ўзбекистон, Қазоқистон, Туркия, Испания, Муғулистон, Фаронса, Россия, Беларус, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Гурҷистон миёни ҳам қувваозмои намуданд.

Ҷудочиёни кишвар дар ҳайати клуби “Ҳоҷи Шариф” Муллораҷаб Халифаев дар вазни -66 кг, Абубакр Шеров ва Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни -73 кг, Қурбон Кудиев дар вазни -81 кг, Умедҷон Раҷабов дар вазни -90 кг ва Мансур Раҳмон дар вазни +90 кг шомил буданд. Ҳамаи аъзои клуби ҷудои “Ҳоҷи Шариф” дар ин мусобиқаи байналмилали миёни клубҳо ҳунарнамоии хуб нишон доданд, ки дар натиҷа клуби Тоҷикистон соҳиби медалҳои нуқраи “Ҷоми Ҷенис-2023” шуд.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикои муқаррар гардида буд, ки ба ғолибони ҷои якум 30 ҳазор доллар, ба ғолибони ҷои 2-юм 20 ҳазор доллар доданд ва ғолибони ду ҷойи сеюм бо 10 ҳазор доллар қадрдони шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *