Коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар Ню-Йорк дар форуми сатҳи баланди вазирон оид ба рушди устувор дар мавзӯи “Фароҳам овардани имконият барои гузаронидани саммити Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ)” гуфтааст, ки мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 31 дарсади соли 2015 то 22,5 дарсади соли 2022 коҳиш ёфт.
Номбурда зикр кардааст, ки даромади аҳолӣ дар панҷ соли охир 2,1 баробар афзуда, рушди миёнаи солонаи иқтисодӣ 7,3 дарсадро ташкил медиҳад.
Вазир ин дастовардҳоро ба татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои чорабиниҳои зиддибуҳронӣ рабт додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ