Кобулов ба Кобул меравад

Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ахиран ба рӯзноманигорон аз сафари худ ба шаҳри Кобул хабар додааст.

— Замир Кобулов ахиран гуфт, ки таърихи сафар ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо эҳтимолан ин сафар то қабл аз поёни сол анҷом хоҳад шуд,- иттилоъ додааст хабаргузории “ТАСС”.

Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, ин дувумин сафари Замир Кобулов ба Кобул аз замони рӯй кор омадани толибон дар Афғонистон хоҳад буд.

Аввалин сафари Замир Кобулов моҳи марти соли 2022 анҷом ёфта буд.

Кобулов пештар гуфта буд, ки масаълаи интиқоли қудрат дар Афғонистон ҳанӯз ҳал нашудааст ва Русия аз фаъолияти ДИИШ дар шимоли Афғонистон нигарон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *