Дар ҳошияи 80-солагии  академик Акбари Турсон

Ростӣ муҷиби ризои Худост,

Кас надидам, ки гум шуд аз раҳи рост.

 Саъдии Шерозӣ

Файласуф ва фарҳангшиноси барҷастаи тоҷик Акбари Турсон (Акбар Турсунов) 1 октябри соли 1939 дар шаҳри Конибодом дар хонаводаи коргар ба дунё омадааст. Ҳангоми таҳсил дар мактаб Акбари хурдсол дар миёни ҳамсинфонаш бо зеҳни тез ва муҳаббати беҳамто ба китобу хониш фарқ мекард. Соли 1956 баъди хатми мактаби миёна Акбар ба факултети табииёту риёзиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад. Соли аввал ӯ дар шуъбаи риёзиёт таҳсил мекунад ва баъдан бо хоҳиши худаш ба шуъбаи табииёт мегузарад. Шояд Акбари ҷавон хеле зуд дарк карда бошад, ки ояндаи илмиаш зиёдтар бо табииёт вобаста мешавад. Соли 1961 донишгоҳро бомуваффақият хатм мекунад ва фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаи корманди хурди илмии шуъбаи табииёт ва риёзиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ менамояд. Худи ҳамон сол Акбар Турсунов бо мақсади такмили ихтисос ба Институти физикаю техникаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба номи Абрам Иоффе интиқол дода мешавад ва дар шуъбаву лабораторияҳои он ҷо ду сол таҷриба меомӯзад. Маҳз дар ин давра ӯ ба хулоса меояд, ки кори  илмии минбаъдааш ба қазияҳои фалсафии физика ва космология вобаста мегардад. Солҳои 1964-1982 дар Институти фалсафаи АИ ИҶШС кор мекунад. Дар ҳамин ҷо ӯ дар аспирантура ва докторантура таҳсил намуда, рисолаҳои номзадӣ (соли 1969) ва докториро (соли 1982) дифоъ менамояд. Бояд қайд кард, ки дар Маскав мактаби илмии  Акбар муҳити илмиву эҷодии худро пайдо менамояд ва асарҳои худро менависад ва ба табъ мерасонад. Ӯ  дар семинарҳои назариявии олимони бузурги он давра, риёзидон Израил Гелфанд ва Яков Зелдович фаъолона иштирок намуда, вориди олами космология ва астрофизика мегардад.

Соли 1982 Акбар Турсунов ба Тоҷикистон бармегардад ва дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик дар вазифаи муовини сармуҳаррир кор мекунад. Баъдан, солҳои 1986-1992 директори Институти шарқшиносии АИ-ро ба уҳда дошт. Соли 1994 Акбар Турсунов бо даъвати Донишгоҳи Пенсилвания ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико меравад ва дар он ҷо то соли 2011 ба фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ машғул мешавад. Соли 2011 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан меояд ва ба вазифаи директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ ҶТ таъин мешавад. Соли 2014 ба нафақа баромад.

Акбар Турсунов дар нашриётҳои гуногуни ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла дар Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, ИМА, Чехия ва дигар кишварҳо рисолаю мақолаҳои зиёдеро ба табъ расондааст.  Ӯ  муаллифи 20 рисола ва садҳо мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Фақат дар як маҷаллаи Академияи илмҳои Россия «Масъалаҳои фалсафа (Вопросы философии)» 21 мақола чоп кардааст.

Мо дар ин сатрҳо фақат доир ба як самти фаъолияти илмии Акбари Турсон  – фалсафа ва кайҳоншиносӣ суҳбат мекунем.

Бояд таъкид кард, ки таҳлил ва шарҳи мақолаву китобҳои ба табърасидаи Акбар Турсон кори саҳл нест. Беҳуда нест, ки мунаққидон камтар мақолаву рисолаҳо бахшида ба асарҳои Акбари Турсон навиштаанд ва чоп кардаанд. Ба назари банда, сабаби камчин будани чунин мақолаҳо дар боби «турсуновшиносӣ» он аст, ки забон, услуб ва сабки эҷоди илмӣ ва публитсистии Турсунов аз лиҳози гузориши масъалаи муҳокимашаванда, тарзи муҳокима ва натиҷабарорӣ дар чаҳорчӯби жанрҳои маъмулӣ намеғунҷад. Фаросат (интуитсияи) худододи Акбар Турсунов ба ӯ имкон медиҳад, ки масъалаҳои илмии доғи рӯзро бо диди ба худаш хос баррасӣ намояд ва дар таҳлили онҳо аз равишҳои мухталифи физикаи муосир, риёзиёт ва фалсафа истифода барад.

Дониши энсиклопедии Акбар дар тӯли даҳсолаҳо бо заҳмати шабонарӯзии муттасил андӯхта шудааст. Вале сифати мақолаву рисолаҳои Акбар дар баробари маълумоти мукаммал дурахши тобноки истеъдоди ӯро ифода мекунанд. Акбар Турсунов бо маҳорати нотакрор бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ менависад.

Муаллифи ин сатрҳо хуб дар ёд дорад, ки солҳои 60-ум дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» силсилаи мақолаҳои илмиву оммавии Турсунов чоп шуда буданд. Дар ин мақолаҳо шарҳи проблемаҳои мураккаби физика сар карда  аз «микрокосм (олами сағир)» то «макрокосм (олами кабир)» баррасӣ мегардид. Мавриди қайд аст, ки дар мактабҳои он давра (дар шаҳру қишлоқ) дар китобхонаҳо дӯхтаи рӯзномаву маҷаллаҳо дастрас буд ва талабаҳои синфҳои болоӣ онҳоро истифода мебурданд. Мушоҳида мешуд, ки серхонандатарин саҳифаҳои рӯзномаи номбурда онҳое буданд, ки  мақолаҳои Акбарро доштанд. Дар ин мақолаҳо бори аввал ва мутаассифона, бори охир бо забони фасеҳ ва хеле гуворои тоҷикӣ  аз осори бузургони илм, аз кашфиётҳои Афлотун, Арасту, Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Галилео Галилей, Исаак Нютон, Иоган Кеплер ва ғайра нақл карда мешуд. Барои мактабиён бо мисолҳои сода шарҳи қонунҳои асосии физика, астрономия ва астрофизика пешниҳод мегардид.

Соли 1979, нашриёти «Мысль» дар Маскав китоби «Асосҳои кайҳоншиносӣ (Основания космологии)»-ро ба чоп расонд. Ин китоб асоси рисолаи доктории Акбар Турсуновро ташкил медиҳад. Китоб ба илми космология (кайҳоншиносӣ) бахшида шудааст. Космология самти донишҳои илмии кайҳоншиносии муосирро дар бар мегирад ва бо фалсафа робитаи қавӣ дорад. Акбар Турсунов кӯшиш ба харҷ додааст, то усулҳои методологии илми космологияро таҳлил намуда, мақоми онҳоро дар роҳандозии барномаҳои тадқиқотӣ нишон диҳад. Дар китоб таҳлили фалсафии қоидаҳои ҷустуҷӯи илмии космологияи физикӣ оварда шудааст.

Соли 1984 нашриёти «Политиздат» китоби дигари Акбар Турсуновро таҳти унвони «Суҳбатҳо дар бораи Коинот (Беседы о Вселенной)» ба табъ мерасонад. Дар панҷ боби он ботадриҷ ва бо далелҳои қотеъ ба савол дар бораи пайдоиш, сохт ва таҳаввули коинот ҷавоб дода мешавад. Муаллиф бо ҷасорати ба худаш хос умдатарин масъалаҳои шаклгирии коинотро таҳлил мекунад.

Мо дар ин ҷо андаке муфассалтар дар бораи як сӯҳбат аз ин китоб таҳти унвони «Кайҳони беинтиҳо» суҳбат мекунем. Акбар Турсунов,  пеш аз ҳама як пешгуфтори таърихиеро пешниҳод мекунад, ки дар он на фақат аз ғояҳои файласуфони гузашта амсоли Арасту, ибни Сино, Берунӣ, Ҷордано Бруно, Кант, балки аз шоирони бузург Низомӣ ва Хайём иқтибос меорад. Дар натиҷаи муқоисаи илмии андешаҳои мухталифи олимон ва адибони бузург фикрҳои нав ва хеле ҷолибро пешниҳод мекунад. Ӯ ғояи кайҳони плюриалистиро пешниҳод менамояд, ки аз шарҳи физикии ҳалли муодилаи Эйнштейн мебарояд. Фарзияи космологие, ки аз ҷониби физикдони шӯравӣ Д.И.Блохинтсев пешниҳод шудааст низ дар асоси ҳалҳои муодилаи ғайрихаттии назарияи умумии нисбият сохта шудааст. Д.И.Блохинтсев мавҷудияти фазои ҳамағунҷонандаро пешниҳод мекунад ва онро «метафазо» ном мегузорад.

Дар самти кайҳони плюриалистӣ диққатро он протсессҳои физикие ҷалб мекунанд, ки онҳо гузариши фазавии материяи кайҳониро ба ҳолати муосири ғайрисимметрии он тадқиқ мекунанд. Физикдони америкоӣ С.Вайнберг менависад: ҳолате, ки об ях мекунад, он одатан кристалли идеалии яхро ташкил намедиҳад, балки як чизи хеле мураккабро – печдарпечии зиёди соҳаҳои кристалиро тавлид мекунад ва онҳо аз ҳамдигар бо пардаҳои ғайрисуфта ҷудо мебошанд.

Акбар Турсунов дар хулосаи китобаш ба натиҷа мерасад, ки манбаи ҳаёти ҳамешабаҳори Коинот таҳаввулот (такмил) ё ки эволютсия мебошад.

Дар тӯли 35 соли баъд аз чопи китоби Акбар Турсунов як қатор кашфиётҳои ҷиддие ба амал омаданд, ки яке аз онҳо кашфи мавҷҳои ҷозибавӣ мебошад. Ин кашфиёт дурустии назарияи космологии Акбар Турсуновро боз як маротиба тасдиқ мекунад. Зарур мешуморам, ки оиди ин самти илмӣ каме ҳам бошад, маълумоте оварам.

Тақрибан 100 сол пеш Алберт Эйнштейн мавҷудияти мавҷҳои ҷозибавиро ҳамчун хулосаи мантиқии назарияи умумии нисбият пешгӯӣ намуда буд. Эйнштейн мавҷудияти ин мавҷҳоро дар асоси муодилаи майдони ҷозибавӣ пешгӯӣ карда буд. Худи ӯ боварӣ надошт, ки ин мавҷҳо дар асл системаи оригиналии муодилаҳои ғайрихаттиро қаноат мекунанд. То соли 1950 риёзидонон на танҳо ба муодилаи мавҷҳои ҷозибавии Эйнштейн сарукор нагирифтанд, балки ҳатто мафҳуми ҳалли мавҷиро ба таври бояду шояд дарк накарданд. Аввалин маҷмӯи ошкори ҳалҳои мавҷии муодилаи ғайрихаттии Эйнштейн аз ҷониби Робинсон ва Траутман соли 1962 пешниҳод шуда буд. Таҳти мафҳуми мавҷи ҷозибавӣ ларзише дар низоми фазо-вақт фаҳмида мешавад, ки он бо суръати рӯшноӣ паҳн мешавад. Олими олмонӣ Швартсшилд Кайҳонро чун объекти геометрӣ баррасӣ намуда, бори аввал пайдоиши ҷирми осмонии сӯрохи сиёҳро маънидод мекунад. Метрикаи Швартсшилд ҳалли нисбатан содаи муодилаи ғайрихаттии Эйнштейн барои ҳолати вакуум мебошад. Баъдан соли 1952 аз ҷониби олими фаронсавӣ Шоке-Брюо мавҷудият ва ягонагии локалии мавҷҳои ҷозибавӣ исбот мешавад. Соли 1969 Шоке-Брюо дар ҳамкорӣ бо Героч барои як ҳолати хусусӣ теоремаи глобалии мавҷудият ва ягонагиро исбот кард. Ҳолати умумии чунин теорема аз тарафи Кристодолу ва Клайнерман соли 1993 ба исбот расид.

Вале ин натиҷаҳои назариявӣ исботи эксперименталиро тақозо мекарданд. Ҳамагӣ чор сол пеш, соли 2015 коллоборатсияи  LIGO/VIGRO бори аввал мавҷи ҷозибавиро ба қайд гирифт. Аббревиатураи LIGO-ро ҳамчун Озмоишгоҳи лазериву энтерферометрии мавҷҳои ҷозибавӣ хондан мумкин аст. Манбаи мавҷҳои ҷозибавӣ омезиши ду сӯрохи сиёҳи хеле азими дорои 36 ва 29 массаи Офтоб мебошад. Ин ҷуфти сӯрохҳои сиёҳ дар масофаи 1.3 миллиард соли рӯшноӣ (ё ки тақрибан 40 миллиард километр) аз Замин воқеъ аст. Ҳангоми ин бархӯрд як қисми масса ба афканиш табдил ёфт, ки он ба 3 массаи Офтоб баробар аст.

Ба қайд гирифтани мавҷҳои ҷозибавӣ на танҳо тасдиқи бесобиқаи назарияи Эйнштейн буда, балки инчунин ибтидои қарни нав дар кайҳоншиносӣ ва астрофизика мебошад. Мавриди ифтихори мо мебошад, ки ин кашфиёти барҷастаи астрофизикӣ ғояҳои космологии Акбар Турсуновро низ ба исбот мерасонад.

Дар фарҷоми мақола ба Акбар Турсунов саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ ва кашфиётҳои тоза ба тозаи илмӣ орзу менамоем.

Мамадшо Илолов, академики АИ ҶТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *