Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ соҳиби бинои нав шуд (аксҳо)
Имрӯз, 1 -уми сентябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бинои нав дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе ҷойгир буда, он аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Тавре маркази матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, бинои навсохти коллеҷ дорои 28 кафедра, 146 синфхона ва 8 толори барҳавои лексионӣ мебошад, ки бо мизу курсӣ, аёнияти таълимӣ ва муосиртарин технология, аз қабили тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз мебошанд ва барои таҳсили 3 ҳазору 500 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ таърихи 85-сола дошта, ҳанӯз соли 1935 таъсис ёфтааст. Ин боргоҳи илму маърифат ва касбу ҳунар давоми солҳои тӯлонӣ дар биноҳои гуногун фаъолият кардааст. Бо дарназардошти ҷавобгӯ набудан ба талаботи замон соли 2014 сохтмони бинои нави коллеҷ оғоз шуд.
Аснои шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз муҳайё гардидани имкониятҳои васеи илму ҳунаромӯзӣ масъулонро барои омода кардани мутахассисони баландихтисос ҳидоят намуд. Дастур дода шуд, ки дар раванди таълим ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
Дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ аз рӯи 12 ихтисос, аз ҷумла, кори табобатӣ, кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ, кори ҳамширагӣ дар косметология, кори дандонсозӣ, кори табобати дандон, кори тиббӣ – офиятӣ, кори фарматсевтӣ, корҳои тиббӣ – ташхисӣ, корҳои тиббӣ-профилактикӣ, истифодаи техника ва таҷҳизоти тиббӣ, ташхис ва табобати нурӣ мутахассисон омода карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ