Комисияи нави тақсими марз бо Ӯзбекистон эълон шуд

Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор ҳайати нави комиссияи тақсим ва аломатгузории марз бо Узбакистонро муайян кардааст. Кори ин комиссия баъд аз соли 2000-ум амалан қатъ шуда буд.

Бино ба қарори ҳукумат, 19 мақомдори идораҳои давлатӣ шомили комиссия шуда, раёсатро муовини нахуствазир Азим Иброҳим бар уҳда гирифтааст. Ҳамчунон Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, муовинони вазирони умури хориҷӣ, адлия, муовини фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ шомили ин ҳайат мебошанд.

Дар баробари ин, ба комиссия мақомҳои баландпоя – муовини раиси вилояти Суғд, роҳбари раёсати робитаҳои хориҷии дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ шомил ҳастанд. Кори комиссияи тақсим ва аломатгузории марзи Тоҷикистон бо ҷорӣ шудани низоми виза миёни ду кишвар ва сард шудани муносибатҳо камранг шуда буд. То охири соли 2016, замони ба раёсати ҷумҳурӣ расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон ҳайатҳои комиссияи ду кишвар бо ҳам музокирот надоштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *