Комиссияи ФФТ варзишгоҳҳои «Равшан» ва «Ҳосилот»-ро санҷид
Гуруҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президент Алишер Урунов бо корҳои омодагии дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум ба мавсими нави футбол шинос мешавад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, аллакай гуруҳи кории ФФТ аз бошгоҳҳои «Равшан» (Кӯлоб) ва «Ҳосилот» (Фархор) дидан намуда, бо корҳои омодагии онҳо ба мавсими соли 2023 шинос шудааст.
Гуфта мешавад, ки «Равшан»-и Кӯлоб имсол барои чаҳорумин бор дар таърихи худ дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО ширкат хоҳад кард. Даста аллакай варзишгоҳро ба мавсими нав омода карда истодааст. Роҳбарияти «Равшан» тасмим гирифтааст, ки бозиҳои хонагии худро дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2023 дар Кӯлоб баргузор кунад.
— Аммо дар ҳоли ҳозир Варзишгоҳи марказии Кӯлоб ба меъёрҳои зарурии баргузории бозиҳо таҳти сарпарастии КФО ҷавобгӯ нест. Роҳбарияти бошгоҳ ба гуруҳи кории комиссия ваъда дод, ки камбудиҳо дар варзишгоҳи Кӯлоб бартараф карда мешаванд,- меафзояд манбаъ.
Комиссияи ФФТ ҳамчунин аз бошгоҳи футболи «Ҳосилот», ки пас аз танаффуси панҷсола ба лигаи олӣ баргашт, дидан кардааст.
— Гуруҳи корӣ бо вазъи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор шинос шуд, ки дар инҷо ҳанӯз корҳои аграрӣ бо суръати суст ҷараён доранд. Дар натиҷаи боздид комиссия барои бартараф кардани камбудиҳо ба дастаҳои «Равшан» ва «Ҳосилот» то оғози мавсими нав муҳлат дод,- илова мекунад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ