Комёбии ҷудокорони тоҷик. Тилло ҳам ҳаст
Дар рӯзи севум ва охирини Ҷоми ҷудои Осиё варзишагрони тоҷик барои дарёфти ҷоиза мубориза бурданд ва пирӯз шуданд.
Иброҳимҷон Элмуродов миёни сангинвазнҳо (+100 кг) тавонист то ба финал роҳ ёбад ва аввалин нишони тиллоро барои Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё миёни наврасону ҷавонон ба даст орад.
Инчунин, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (- 81 кг) дар рақобат барои нишони биринҷии мусобиқа ғолибият ба даст овард.
Дар умум паҳлавонони кишвар дар ин чорабинӣ аз рӯзи якуми мусобиқот се медали бининҷӣ, рӯзи дуюм бе натиҷа ва дар рӯзи сеюм 1 медали тилло ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ