Комёбии муштзанҳои тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон
Дар минтақаи Белоярски Русия Ҷоми ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт баргузор шуд, ки дар он варзишгарон аз Озарбойҷон, Миср, Конго, Гурҷистон, Белорус, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ширкат карданд.
Рақобатҳо дар 13 вазн миёни мардон ва 6 вазн миёни занон ҷараён гирифт. Намояндаҳои Тоҷикистон сазовори 6 медал (2 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ) шуданд.
Медали аввали тиллоро Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг ба даст овард. Ў то ба финал расидан бар муштзанҳои кишварҳои Белорус ва Русия дастболо шуд. Ў дар финал бар намояндаи дигари кишвари мизбон Евгения Лочканова ғалаба ба даст овард.
Тиллои дуюмро Шамшер Саидов ба даст овард. Шамшер дар муҳорибаи ниҳоии вазни 67 кг варзишгари мизбон Руслан Пидгирнякро шикаст дод. Медали нуқраро Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни 86 кг сазовор шуд. Шоира Зулқайнарова дар вазни -60 кг, Меҳриноз Музаффарова дар вазни -81 кг ва Некрўз Салимов дар вазни -80 кг ҷойҳои сеюмро гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ